ВКД: Мусодираи беш аз 50 000 дона маводи гуногуни тарфгарӣ
Душанбе,23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 22-юми декабр ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия сокини 21-солаи ноҳияи Ашт бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир шуд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 15 400 дона маводи тарфгарии хлопушка дарёфт ва мусодира гардид.
Дар ин рӯз ҳамчунин зимни чорабинии фаврӣ кормандони милитсия аз сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд 18 480 дона маводи тарфгарии намуди тренияро дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳамин тариқ, 16 200 дона маводи тарфгарии намуди хлопушка аз сокини 20-солаи шаҳри Кӯлоб дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






