Вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 3502
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо мақсади ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии афсарону сарбозони қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ Ализода Анварҷон Ҷумъа ва мушовири калони вазир Қудратулло Ғуломов ба ин қисми низомӣ рафта, бо афсарону сарбозон вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ, полковники милитсия Ализода Анварҷон тамоми хизматчиёни низомиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик карда, ба онҳо дар иҷрои хизмати бошарафона, яъне ҳимояи Ватан-Модар муваффақият ва комёбиҳо таманно намуд. Зикр гардид, ки бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар шароити хизматбарӣ дар қисмҳои низомии ҷумҳурӣ сол то сол хубтару беҳтар гардида, симои афсарону сарбозон дар назди мардум ҳамчун ҳомии ҳифзу тартибот, амният ва сулҳу субот нақши муҳим дорад. Давлату ҳукумат ва мардуми кишвар ба афсарону сарбозони содиқи Ватан эътимоди калон дошта, дар навбати худ онҳоро зарур аст, ки барои ҳифзи марзу бум ва тинҷию амонӣ ҳамеша омода бошанд.
Қудратулло Ғуломов аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ва бо мушкилиҳо ба даст омадани тинҷию осудагии кишвар ёдовар шуда, афсарону сарбозонро ба хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан даъват кард.
Дар чорабинӣ барои болида гардонидани хотири афсарону сарбозон аз ҷониби ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ барномаи консертӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






