Вохӯрӣ дар АНМН бо коршиноси Ҷамъияти Кушода (OSF)
Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар)- 8 декабр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо коршиноси Барномаи глобалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати маводи нашъаовари Ҷамъияти Кушода (OSF) Диего Гарсиа Девис баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ташаккули шарикӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо ташкилоте, ки дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ дар мисоли таҷрибаи кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ фаъолият мебаранд ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.
Директори агентӣ меҳмонро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон шинос намуда, оид ба таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва таҷрибаи Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ сухан гуфт.
Роҳбари агентӣ пешниҳод намуд, ки иқтидори Ҷамъияти Кушода дар ташкили омӯзиш оид ба масъалаҳои муқовимат ба расмигардонии маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадаанд ва гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ дар байни ҷавонон бо усулҳои навтарин истифода шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






