Вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Вена баргузор гардид
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-14 декабр дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз номи Тоҷикистон дар вохӯрӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода иштирок намуд. Роҳбари агентӣ даъват намуд, ки ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дастгирӣ шавад, ки он барои баррасӣ дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ворид шуда буд.
Инчунин пешниҳод гардид, ки вохӯрии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии минтақа барои муҳокима намудани масъалаҳо ва коркарди заминаи ягона барои дида баромадан дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар гузаронида шавад.
Дар чорчӯбаи чорабинӣ вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода бо Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, муовини Котиби генералии СММ Ю. Федотов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯии рушди вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин вохӯрии Р. Назарзода бо як гурӯҳ роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
15 декабр дар шаҳри Вена ҷаласаи 12-уми гурӯҳи машваратӣ дар сатҳи сиёсӣ дар чорчӯбаи Ташаббуси Пакти Париж баргузор гардид, ки дар кори он директори агентӣ сухан гуфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






