Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонону сокинони ноҳияи Роштқалъа

Декабрь 14, 2015 12:56

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар) —  Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо дастури Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои бартараф намудани оқибатҳои заминларза ва дигар мушкилоти мубрами рӯз баррасӣ гардиданд. 
      Сокинони ноҳияи баландкӯҳи Роштқалъа, махсусан ҷавонон  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро, ки рӯзи 9-уми декабр аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ҷонибдорӣ намуданд.
Рамазон Раҳимзода оид ба расонидани кумакҳои моддӣ ва молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин минтақа иброз дошт, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон барои зарардидагони офати табиӣ кумаку дастгирии худро дареғ намедоранд ва ҳамеша дар паҳлӯи мардуми баландкӯҳи Бадахшон мебошанд. 
    Дар идомаи вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки мо кӯшиш карда истодаем, ки ин ҷавонони гумроҳро бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонем. Дар айни замон дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок доранд, ки аз инҳо 50 нафарашон бо ихтиёри худ баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба ҳаёти осоишта машғуланд.
Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва  давлату кишвари худ барои ҳар як ҷавонмард қарз буда, ҳар як шаҳрванде, ки дар сарҳад зиндагонӣ мекунад, ӯ бояд сарҳадчӣ бошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон зикр гардид, ки маблағгузори асосии ин ҳодисаҳо ҲНИТ буд ва мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар  10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонида шуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки вазъи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум вазнин нест.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз тараққӣ карда, пеш рафта истодааст. Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сол аз сол тақвият ёфта ба рӯшду нумӯи кишвар таъсири назаррас мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя низ ҳамкории судманди мутақобила дорад, махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Қирғистон ва Ӯзбекистон низ ҳамкории хубро ба роҳ мондааст.
    Зимни вохӯрии озоду самимии вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонону сокинони ноҳияи Роштқалъа, мардум аз таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ин кумаку дастгириҳоро натиҷаи ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагию иттифоқи мардуми шарифи Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Декабрь 14, 2015 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд