Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар Хуҷанд

Декабрь 21, 2015 11:06

Хуҷанд,  21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз дар «Қасри Ҷавонон»-и ба номи Л.Шералии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналхалқии  муҳоҷир аз ҷониби  бахши суғдии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод  баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз агентии мазкур иттилоъ доданд,  дар ярмарка намояндагони Агентии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Б.Ғафуров иштирок  намуда, барои корҷӯён беш аз 800 ҷойи кориро  бо маоши меҳнатии аз 300 то 1500 сомонӣ пешниҳод намуданд. 
Ҳамзамон дар ярмарка  намояндагии КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва Филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров низ ширкат намуданд. 
Дар  ярмарка зиёда аз 300 шаҳрванд иштирок намуда, 14 нафар аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дарёфти  ҷои кор бо роҳхат таъмин гашта, 23 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ номнавис гардиданд.

 

Декабрь 21, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад