Зарурати қабули қонуни тақдирсоз
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 15 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки васеи ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳамоиши ботантана доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зарурати қабули ин қонунро роҳи ба расмият даровардани эътимоди ҳамешагии мардум ба Пешвои барҳақ ва гузоштани заминаи эътимоднок баҳри инкишофи устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамақидагӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Пешниҳод ва амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боэътимод барои дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар хислатҳои муҳими сиёсатмадори тоҷик — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми босазо мегузорад. Ин аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф менамоянд. Қабули қонуни мазкур дарки масъулияти моро даҳчанд баланд мекунад, зеро мо бояд дар атрофи Пешвои миллии хеш сарҷамъ шуда, пайрави ақидаҳои ӯ бошем.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ он миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Бо идеяи миллӣ ва Пешвои миллӣ ба пеш рафтан- ин аст роҳи ягонае, ки моро ба пеш равона месозад, гуфт ректор.
Баҳром Сафаров — муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Асадулло Муллоҷонов — мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва донишҷӯёну магистрантон сухан гуфта, аз қабули Қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ҷонибдорӣ карда, хизматҳои шоёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди сулҳи тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ, муаррифии тоҷикон ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, фарҳангофаринӣ, эҳёи миллӣ ва бузургдошти ниёгони хеш бо таҷлили солгарди эшон, ташаббускорӣ дар масоили гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ва сулҳофаринӣ ёдрас шуданд.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






