Зарурати қабули қонуни тақдирсоз

Декабрь 16, 2015 04:54

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 15 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки васеи ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳамоиши ботантана доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зарурати қабули ин қонунро роҳи ба расмият даровардани эътимоди ҳамешагии мардум ба Пешвои барҳақ ва гузоштани заминаи эътимоднок баҳри инкишофи устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамақидагӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Пешниҳод ва амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боэътимод барои дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар хислатҳои муҳими сиёсатмадори тоҷик — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми босазо мегузорад. Ин аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф менамоянд. Қабули қонуни мазкур  дарки масъулияти моро даҳчанд баланд мекунад, зеро мо бояд дар атрофи Пешвои миллии хеш сарҷамъ шуда, пайрави ақидаҳои ӯ бошем.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ он миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида  бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Бо идеяи миллӣ ва Пешвои миллӣ ба пеш рафтан- ин аст роҳи ягонае, ки моро ба пеш равона месозад, гуфт ректор.
Баҳром Сафаров — муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Асадулло Муллоҷонов — мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва донишҷӯёну магистрантон  сухан гуфта, аз қабули Қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ҷонибдорӣ карда, хизматҳои шоёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди сулҳи тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ, муаррифии тоҷикон ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, фарҳангофаринӣ, эҳёи миллӣ ва бузургдошти ниёгони хеш бо таҷлили солгарди эшон, ташаббускорӣ дар масоили гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ва сулҳофаринӣ ёдрас шуданд.

Декабрь 16, 2015 04:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид