4 шаҳрванди хориҷӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш ҷароҳат бардоштанд
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи заминларзаҳои соли 2015 дар иншооту корхонаҳои зери назорати хадамотбудаи вилояти Бадахшон ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашуд. Вазъи иншооти зеризаминӣ мӯътадил аст ва баъди ташхиси мушаххас муайян гардид, ки ягон иншооти зеризаминӣ ба садама дучор нашуд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи сардори хадамот дар иншооти Роғун 8 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 3 нафар ҳалок ва 6 нафар ҷароҳат бардошт. Аз инҳо ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
«Сабаби асосии ходисаҳои нохуш суст будани интизоми меҳнат ва назорати техникаи бехатарӣ, риоя накардани дастурамалҳои вазифавӣ, истифода набурдани камарбанди муҳофизатӣ ҳангоми кор дар баландӣ, фарсуда шудани таҷҳизот ва сари вақт аз ташхиси саноатӣ нагузаштан мебошад»,-гуфт С. Раҳим.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






