Агентии хизмати давлатӣ: 271 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуд
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли 2015 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 95 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок карданд. Ин нуктаро имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов ироа намуд.
Тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ аз 2 ҳазору 479 хизматчии давлатии ба аттестатсия фарогирифташуда 2 ҳазору 208 (занон- 454) (2014 — 889, занон — 203) нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Аз ин шумора 32 (занон — 6) (2014 — 47) нафар барои ба мансаби баландтар таъйин намуданд, 72 (занон — 12) (2014 — 35) нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 67 (занон — 17) нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия шуданд.
“Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 271 (занон — 14) нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Аз ин шумора ба 250 (занон — 14) нафар барои такмили ихтисос ва ба 18 нафар гузаронидан ба мансаби пасттар ва ба 3 нафар аз мансаб озод кардан тавсия дода шуд”,-гуфт директори агентӣ.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






