Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: 2,2 млн. сомонӣ ба суратҳисоб бозпас гардонида шуд

Январь 19, 2016 08:25

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 зимни санҷишҳои раванди таъйину пардохти нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ дар раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 770 ҳолати нодуруст таъйин ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳо ошкор шуд, ки аз ин дар 736 ҳолат ба маблағи 1216,6 ҳазор сомонӣ нафақа зиёд ва дар 34 ҳолат ба маблағи 32,3 ҳазор сомонӣ нафақа кам таъйин ва бозҳисобӣ карда шудааст. Дар баробари ин дар 22 ҳолат нодуруст пардохт гардидани кумакпулӣ барои дафн ошкор карда шуд, ки маблағи пардохшуда аз ин ҳисоб 19 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Ҳамчунин зимни санҷиши ҳисоб ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву ташкилот ба маблағи 192,4 ҳазор сомонӣ нодуруст хароҷот гардидани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ошкор шуд.
Зимни санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ 702 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби барзиёд таъйин, бозҳисобӣ ва пардохт гардидани нафақаҳо ва 19 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нодуруст пардохт шудани кумакпулӣ барои дафн ва 120 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нодуруст таъин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ки дар маҷмӯъ 841 ҳазор сомониро менамояд, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барқарор карда шуданд.
Инчунин зимни санҷишҳо аз ҳисоби нафақагироне, ки ба дигар давлатҳо кӯчида рафтаанд ё дар ҷойи истиқомат дарёфт нагардидаанд ва нафақагирони фавтида 2,2 млн. сомонӣ ба суратҳисобӣ агентӣ бозпас гардонида шуд.

Январь 19, 2016 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад