Ҳалок гардидани пиёдагардон дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 5 январи соли равон ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи Маркази савдои “Ганҷина” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, сокини 53-солаи шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.
Ҳамчунин рӯзи 6 январи соли 2016, ронандаи мошини тамғаи “КО-427-42”, сокини 58-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат аз маҳаллаи Қулписта ба самти кӯчаи Амиршоеви пойтахт, дар рӯ ба рӯи мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 57-солаи сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






