Ҳамоиши ҲХДТ ва «Созандагони Ватан» дар шаҳру навохии вилояти Суғд

Январь 5, 2016 16:03

Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўзҳо бо ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» аз ҷониби ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қаноти ҷавонони он «Созандагони Ватан» дар шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ гардида истодаанд. Имрўз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки фаъолони ҳизб — ҷавонон, занон ва собиқадорон ҳамоиш доир шуд. Дар он иштирокдорон аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуда, пешрафту шукуфоӣ ва созандагии кишварро маҳз аз талошҳои шабонарӯзии Пешвои арзандаи миллат Эмомалӣ Раҳмон донист. Зикр шуд, ки ба бахти мо, мардуми тоҷик, дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфаи беназири Офаридгор ба миллати сарбаланди тоҷик ҳадя шуд. Ҳамзамон ин шахсият барои мо на танҳо сулҳ, балки бахту иқбол ва сарсабзиву пирўзӣ муҳайё сохт. Маърузачиён аз хизматҳои беназири Роҳбари давлат барои рушду нумўи кишвар ва муҳайё намудани шароити шоиста барои мардум ёдовар шуданд. Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлолият ёдовар шуда, Сарвари давлатро пуштибон ва раҳнамои ҷавонон ҳисобид. Аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ашъори адиби ваҳдатсаро Усмон Олим шеърҳои дар васфи Ватан, Ваҳдат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҷод намудаашро қироат намуданд.
Чунин чорабиниҳо имрўз дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар доир гардиданд, ки аз рисолати нави Пешвои миллӣ дар назди миллат гувоҳӣ медиҳанд.

Январь 5, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад