АНМН натиҷаи фаъолияташро дар соли 2015 ҷамъбаст намуд
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 9-уми январи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи фаврӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии агентӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 таҳти роҳбарии директори агентӣ Рустам Назарзода баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои пурзӯр намудани назорат аз болои муомилот ва нигоҳдории прекурсорҳо ва дорувории психотропӣ, гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда, интихоби баландсифати номзадон ба хизмат, ошкор ва ҳабс намудани амволи бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастомада, нақлиёт ва дигар воситаҳои техникии агентӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки диққати асосӣ ба решакан кардани ҷиноятҳои дорои хислати коррупсионӣ аз тарафи ҳайати шахсӣ, мустаҳкам намудани интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсӣ аз тарафи ҳар як корманди агентӣ оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои дигар бо мақсади гузаронидани амалиёти муштарак, ба ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки хислати фаромиллӣ доранд, равона карда шуд.








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






