Аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии КМИР
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ ва дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи агентии мазкур аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии КМИР гузаронида шуд.
Комиссияи аттестатсионӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Саидбой Зокиров доир шуда, аз ҷониби комиссияи аттестатсионӣ ба дараҷаи тахассуси касбӣ ва донишҳои ҳуқуқии кормандони Дастгоҳи марказии КМИР баҳои мусбат дода шуд.
Др ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, фаъолияти КМИР дар соли 2015 ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои соли 2016 муайян карда шуданд.
Инчунин барои саҳми арзанда дар омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2015 як қатор кормандони КМИР бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






