Аёдати Норбибӣ Дӯстмуродова-зане, ки бо маблағ барои ҳаҷаш ду пул бунёд намуд
Хуҷанд, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зани фаъолу номдори ноҳияи Ғончӣ Норбибӣ Дӯстмуродова аёдат карда шуд. Аз номи раиси вилоят ба ин зани фаъолу бунёдкор туҳфаҳои хотиравии моливу пулӣ тақдим шуданд.
Хотирнишон бояд кард, ки ин зани қавииродаву баландҳиммат бо маблағҳои барои зиёрати Каъбатуллоҳ ҷамъовардааш тирамоҳи соли 2015 дар деҳаи Метк ду пул бунёд намуд, ки деҳаҳои Метку Хишекатро бо ҳам мепайванданд. Маросими ифтитоҳи пулҳои мошингузар бо иштироки раиси вилояти Суғд сурат гирифт ва он замон Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми ин зани шуҷоъро як корнамоии бузург донист ва амали Норбибӣ Дӯстмуродоваро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ карда буд.
Норбибӣ Дӯстмуродова ҳоло нафақахӯр буда, дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш зиндагӣ дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






