Б. Сайфуддинов: Дониши довталабони коллеҷҳои фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дорад
Душанбе, 25.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавии фанҳои гармония ва салфеҷио собит намуд, ки сатҳи дониши довталабони коллеҷҳои фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Бурҳон Сайфуддинов, ноиби ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов зикр намуд.
Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки аксари хатмкунандагони коллеҷҳои санъат ва фарҳанги ҷумҳурӣ имтиҳонҳои назариявиро бо баҳои «қаноатбахш» ҷамъбаст намуданд. Дониши хатмкунандагони коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи С. Ҳофиз ва коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов нисбат ба хатмкунандагони МИМММ ба номи З.Шаҳидӣ хеле паст мебошад ва роҳбарияти ин муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои беҳтар намудани таълими фанҳои назариявӣ серталабӣ зоҳир намоянд,-изҳор дошт Б. Сайфиддинов, ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






