Баъди офати табиӣ дар Бадахшон дар як рӯз то 4 парвоз иҷро карда шуд

Январь 8, 2016 17:20

Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Парвозҳои мунтазам дар хатсайри Душанбе-Хоруғ бо зичии 3 парвоз дар як рӯз ба роҳ монда шудаанд. Тавре ки аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, баъд аз сар задани офати табиӣ дар манотиқи Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба вазъи обу ҳаво ва шумораи мусофирон дар як рӯз то 4 парвоз иҷро карда мешавад.
Ҳоло ҷамъият 35 ҳавопаймою чархбол дошта, 6 -тои он дар ҳолати корношоямӣ ва 29 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ мебошанд.
Ба буҷети ҷумҳурӣ соли 2015 -26 миллиону 468 ҳазор сомонӣ андозҳои ҳатмӣ пардохт шуданд, ки назар ба соли гузашта 10 млн. сомонӣ кам мебошанд. Сабаби асосии кам шудани пардохтҳо ба буҷети ҷумҳурӣ поён рафтани даромад ва хароҷоти ҷамъият мебошад. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки ҷамъият аз пардохти андозҳо ба буҷети ҷумҳурӣ ва пардохти музди маоши кормандон қарздор нест.
Барои кам кардани хароҷот ва афзоиши даромаднокии ҷамъият «Барномаи раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ, таъмини устувории вазъи молиявӣ ва рушди ҶСК «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2015-2016» амалӣ мешавад.

Январь 8, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд