Барномаи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимӣ 106,4%-ро ташкил медиҳад
Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Таҳлили соли 2015 нишон дод, ки дар 3394 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ 724 ҳазору 841 хонандаи синфи 7-11 ба таълими компютер фаро гирифта шуда, муассисаҳои таълимӣ бо 51419 компютер ва 8716 принтер таъмин гардида, иҷрои барнома 106.4%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба соли 2014 — 4441 компютер ва 1119 принтер зиёд мебошад.
Ҳарчанд иҷрои Барномаи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, дар маҷмўъ дар ҷумҳурӣ 106,4%-ро ташкил диҳад ҳам, дар як зумра шаҳру ноҳияҳо он иҷро нагардидааст. Барномаи мазкур дар ноҳияҳои Сино (80%), Фирдавсии шаҳри Душанбе (93%) дар ноҳияҳои Ғончӣ (96%), Панҷакенти вилояти Суғд (83%), дар вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Панҷ (88%), Вахш (88%), , дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — ноҳияҳои Ҳисор (90%), Рўдакӣ (81%), Нуробод (94%) ва шаҳри Ваҳдат (89%) иҷро гардидааст. Инчунин эҳтиёҷот ба компютер то ба имрўз дар ҷумҳурӣ 1850 адад боқӣ мемонад.
Дар соли равон соатҳои омўзиши фанни забони русӣ дар синфҳои 4 ва 5 як соат зиёд гардид, ки омўзиши забони русӣ аз синфи 2 то 11 дар як ҳафта ба 26 соат расонида шуд.
Дар соли таҳсили 2015-2016 тибқи бурсияҳои ҷудонамудаи кишварҳои хориҷӣ 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисосҳои забони русӣ ва забонҳои хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шуданд. 7 нафар аз рўи ихтисоси забон ва адабиёт ва филология дар зинаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ба таҳсил фиристода шуданд.
Тибқи ҳисоботи омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар 6148 синфи 156 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таълим бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Илова ба ин, дар 24 муассисаи таълимӣ таълим бо забони русӣ, бо шумораи 515 синфхона фаъолият дорад, ки дар онҳо 13248 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар 107 муассисаи таълимӣ таълим бо забонҳои тоҷикӣ-русӣ ( 4493 синф), дар 22 муассисаи таълимӣ таълим бо забони тоҷикӣ-русӣ-ўзбекӣ (1060 синф), дар 1 муассисаи таълимӣ таълим бо забони русӣ-узбекӣ ( 28 синф), дар 1 муассисаи таълимӣ таълим бо забони тоҷикӣ -русӣ-англисӣ (38 синф) ва дар 1 муассисаи таълимӣ таълим бо забони русӣ-қарғизӣ (14 синф) ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 7076 нафар омўзгори фанни забони русӣ, аз ҷумла бо таҳсилоти олии омўзгорӣ 5370, бо таҳсилоти миёнаи махсуси омўзгорӣ 522, бо таҳсилоти олии нопурраи омўзгорӣ 248 нафар фаъолият доранд.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






