Бо ҷойи кор таъмин гаштани 568 муҳоҷири меҳнатӣ дар соли 2015
Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар давоми соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷмўан 4070 муҳоҷири меҳнатии ба ватанбаргашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 3 661 нафар мардон ва 409 нафар занон мебошанд. Аз Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 568 муҳоҷири меҳнатии ба ватан баргашта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 606 нафар ба тайёрии касбӣ, 196 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба 2033 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуд. Ҳамчунин тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тавассути худмаблағгузорӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ маҷмўан ба 6435 муҳоҷири меҳнатӣ хизматрасонӣ анҷом дода шуд.
Ба иттилои манбаъ инчунин тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тавассути худмаблағгузорӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ маҷмўан ба 6435 нафар муҳоҷири меҳнатӣ хизматрасонӣ анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар заминаи барномаҳои таълимии омўзонидашаванда дар марказҳои таълими касбӣ 3804 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 657 нафар ва дар курсҳои алоҳидаи омўзиши забони русӣ 1255 нафар аз тайёрии касбӣ гузашта, малакаи донистани забони русии 719 нафар бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардид. Бо назардошти бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират ба хориҷа барои дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дастгирии иҷтимоии онҳо дар «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017» боби алоҳида оид ба дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ворид карда шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






