Либоси ягонаи кории бонувони «Амонатбонк» маҳсули дасти тарроҳи ватанист

Январь 15, 2016 12:12

Душанбе, 15.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Бо либоси ягонаи корӣ таъмин намудани бонувон-кормандони Бонки давлатии амонатгузории кишвар «Амонатбонк» идеяи собиқ раиси ин бонк Ҷамшед Нурмуҳаммадзода мебошад», мегӯяд сардори идораи кормандони «Амонатбонк» Дилбар Ҷӯраева. Мавсуф афзуд, ки собиқ раиси бонк аз рӯзи дуюми фаъолияти кориаш дар «Амонатбонк» дар радифи риоя ва тақвияти тартибу низоми корӣ, инчунин ба тарҳи либоси кории бонувон, ки дар бонк фаъолият доранд, масъалагузорӣ намуд.
Дилбар Ҷӯраева зикр кард, ки баъдан муроҷиат намудем ба тарроҳи шинохта Мавлуда Ҳамроева. Бо интихоб кардани ранг ва сифати матоъ шурӯъ намудем ба омода намудани либоси ягонаи кормандон-бонувони «Амонатбонк», ки дар маҷмӯъ теъдодашон беш аз 800 нафар аст. Либоси ягонаи бонувони «Амонатбонк» дорои ранги сабз буда, тамғаи «Амонатбонк» аст ва аз курта (кофта), куртаи дароз, шим, юбка ва гарданбанд иборат мебошад.
«Ховар»: Оё зимни омода намудани либоси ягонаи бонувони «Амонатбонк» суннати миллии либоспӯшии занону духтарони маҳаллӣ, ки дар филиалҳои бонк дар минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд, ба инобат гирифта шудааст?
Д.Ҷӯраева: Бале, дар омода намудани либоси ягонаи бонувони бонк мо баъзе суннатҳои миллии либоспӯшии занону духтаронро ва анъанаҳои мардумони минтақаҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, ки дар он ҷойҳо филиалҳои «Амонатбонк» фаъолият менамоянд, ба инобат гирифта шуда, барои ҳар бону -корманди «Амонатбонк» либос омода намудем. Яъне заноне, ки дар оилаҳои онҳо суннати либоспӯшии миллӣ истифода мегардад, бо юбкаи дароз ва рӯймол ва бонувоне, ки бештар ба пӯшидани пироҳанҳои аврупоӣ завқ ва майл доранд, бо кофтаю юбка ва гардандбанд таъмин гаштанд.
«Ховар»: Либоси ягонаи кории бонувон- кормандони «Амонатбонк» аз ҷониби чеварони маҳаллӣ омода шудааст?
Д.Ҷӯраева: Нахуст 150 адад либоси ягонаи бонувони «Амонатбонк» дар яке аз ширкатҳои дӯзандагии Туркия омода карда шуд ва баъдан дӯхти минбаъдаи онҳоро дар дохили кишвар аз ҷониби чеварони маҳаллӣ ба роҳ мондем.
«Ховар»: Матои истифодашуда истеҳсоли ватанист ё кишвари хориҷӣ?
Д. Ҷӯраева: Матои сабзе, ки барои омода намудани либоси ягонаи бонувони «Амонатбонк» истифода гардидааст, истеҳсоли Индонезия буда, аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути як тоҷир харида оварда шуд.
«Ховар»: Дар таҳияи либоси ягонаи кории занону духтарони «Амонатбонк» чӣ қадар матоъ истифода гардид?
Д. Ҷӯраева: Дар омода намудани беш аз 800 либоси ягона барои бонувон -кормандони «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 2000 метр матоъ, ки рангаш сабз буда, ба тани занону духтарон зебанда аст, истифода шуд. Барои як либоси ягона тақрибан 760-800 сомонӣ сарф шудааст, ки дар марҳилаи аввал маблағи он аз ҷониби «Амонатбонк» пардохт гардид.

Суҳбаторо Марзия Саидзода хабарнигори «Ховар»

Январь 15, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Эла Ионеску, намоянда аз Руминия: «Шумо, одамони хушбахтед, ки чунин Ватани зебо доред»
Варзишгар аз Амрико Каролина Глейш: «Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон нақл хоҳам кард»
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил доранд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Михаил Гусман: «Вақте «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки аз гармии дили одамон низ меравад!»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
ДОВТАЛАБОН КАДОМ КАСБРО БОЯД ИНТИХОБ НАМОЯНД? Ҳангоми интихоб лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст
30 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ: рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт