Боздиди 366 нафар меҳмони хориҷӣ аз мамнуъгоҳи таърихию фархангии Ҳулбук
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҶТ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг дар соли 2015 Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ба Ҷоизаи байналмиллалии «GLOBAL RATING NOMINATION» Институти рейтинги байналмиллалӣ «INTERNATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО дар самти ёдгориҳои моддии ҷаҳонӣ сазовор гардид. Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки кормандони мамнуъгоҳ дар ин давра ба 14 ҳазору 479 нафар сайёҳ ва меҳмони дохилию хориҷӣ хизмат расониданд. Бахшида ба таҷлили 24-солгарди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 ҳазору 241 нафар мактаббачагон, донишҷўён ва меҳмонони расмӣ хизмати ройгон расонида шуд. Аз миқдори умумии ташрифоварандагон 366-нафарро сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ташкил медиҳанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






