Боздиди ҷавонони водии Язгулом аз шаҳри Душанбе
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 16 январи соли равон ҷавонони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе омаданд.
Сафари онҳо ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Паёми дилҳо» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, бо мақсади шиносоии ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз диёри зебоманзари кишвари худ, пайдо намудани дӯстию рафоқат миёни ҷавонон, муттаҳидию ягонагӣ, огоҳӣ аз таърихи бой ва урфу анъанаҳои мардумӣ мебошад.
Ҷавонони язгуломиро ҳамсолонашон аз шаҳри Душанбе пешвоз гирифта, дар якҷоягӣ ба тамошои ҷойҳои фарҳангии пойтахти кишвар баромаданд. Нахуст, онҳо шиносоиро аз Кохи Наврӯз шурӯъ намуда, аз толорҳои «Зарандуд», «Гулистон», «Ойинабандӣ»-и ин кохи бошукӯҳ дидан карданд. Ҷавонони язгуломӣ аз тамошои ҳунари волои устоҳои миллӣ мутаассир гардида, шод аз он буданд, ки дар замони Истиқлолият пойтахти кишвар хеле ободу зебо ва шукуфон шудааст. Зебоии онро санъати волои ҳунармандони тоҷик дар кандакорию наққошиҳои нотакрор боз ҳам ҷилвагар менамуд.
Сипас, ҷавонон бо як рӯҳияи болида аз муқаддасоту ифтихори миллию давлатӣ; Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ — поягузори нахустин давлати бузурги тоҷикон, Китобхонаи миллӣ, инчунин боғи марказии фароғат ва истироҳатии «Боғи устод Рӯдакӣ», ки ба ифтихори 1150-солагии Маликушшуаро бунёд гардидааст, дидан намуданд.
Дар идомаи саёҳат ҷавонон ба Боғи ботаникии «Ирам» ташриф оварда, бо таърихи бунёди боғ, унсурҳои миллӣ ва олами набототу растаниҳои он шинос гардиданд. Боғи мазкур соли 1933 таъсис шуда, масоҳати он 40 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин боғ аз ҳама гӯшаву канори мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ буттаву дарахт ва гулҳои гуногун оварда шуда, ҳоло онро беш аз 2700 гулу буттаҳо зеб медиҳанд. Дар зарфи 80 соли таъсис 8 ҳазор ниҳол парвариш ёфтааст.








ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид






