Бунёди 15 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»)- Дар минтақаи Кӯлоб сохтмони 15 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ ҷараён дорад. Дар деҳаи Давлатободи ноҳияи Кӯлоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, мушкилоти ҷои нишаст низ ба назар мерасад. Корҳои сохтмонии бинои нав оғоз гардидаанд, ки дар оянда тамоми норасиҳои ҷойдошта бартараф хоҳанд гардид ва ҷараёни таълиму тарбия дар сатҳи лозимӣ идома хоҳад ёфт. Тавре ки муҳандиси корҳои сохтмонӣ Сайдализода Бахтовар гуфт, корҳои тахту ҳамворкунӣ аз моҳи ноябри соли 2015 оғоз гардидаанд. Аз рӯи лоиҳаи тасдиқгардида бинои муассиса дуошёна буда, дар он 16 синфхона, утоқҳои фаннӣ ва роҳбарият ҷой дода шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






