Дар Афғонистон 50 ҷангии ДОИШ кушта шуданд
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Нангарҳори Афғонистон дар натиҷаи даргириҳо бо аъзои гурӯҳи «Толибон» ва ҳамлаи ҳавоӣ на кам аз 50 ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» кушта шуданд.
Ҳамчунин дар минтақаи Кот 11 ҷангии дигарро неруҳои низомии Афғонистон нобуд карданд. Боз 12 ифротгароро дар ноҳияи Ачин бесарнишинони ИМА маҳв карданд. Дар даргирӣ бо ҷангиёни «Толибон» 13 пайрави «Давлати исломӣ» кушта шуданд, хабар медиҳад «РИА Новости».
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати дифои Афғонистон, ҳафтаи гузашта Толибон амалиёти фаъоли ҷангиро зидди ДИ сар карданд.
Дар моҳҳои охир, вазъи Афғонистон ба таври назаррас мушкил гардид. Барои таҳти назорат гирифтани се музофоти ин кишвар ҷангиёни «Толибон» ва «Давлати исломӣ» миёни ҳам задухӯрд доранд. Толибон ба бузургтарин шаҳрҳо ҳуҷум карда, охири моҳи сентябр Қундузро ба муддати кӯтоҳ забт намуда буданд. Акнун онҳо ба маркази маъмурии музофоти Ғазнӣ, воқеъ дар ҷанубу ғарби пойтахти ин кишвар ҳамла доранд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






