Дар «Феҳристи номҳои миллӣ» номҳои дугоник, сегоник ва чоргоники тоҷикӣ дарҷ мегардад
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -13-уми январи соли равон бо даъвати раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ниҳоии машваратии гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи китобҳои номномаи тоҷикӣ бо номи «Феҳристи номҳои миллӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ Гавҳар Шарофзода, кормандони кумита, донишмандону пажӯҳишгарони забоншиноси кишвар ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи ҷамъбасти ниҳоии китобҳои «Феҳристи номҳои миллӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллӣ» муҳокима гардид, ки аз номномаҳои зиёда аз 5000 номҳои миллии тоҷикии писарона ва духтарона иборат буда, номҳои дугоник, сегоник ва чоргоники тоҷикиро низ дар бар мегиранд.
Аъзои гурӯҳи корӣ ақидаҳои хешро доир ба таҳияи китобҳои мазкур баён дошта, ба қароре омаданд, ки баъди таҳриру таҳлили ниҳоии гурӯҳи корӣ то охири моҳи равон ва номномаҳо охирҳои моҳи феврали соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Феҳристи номҳои миллӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллӣ» китоби рӯимизии кормандони бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таваллудхонаҳову шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ва ҳамзамон ҳар як хонавода дар ҳудуди кишвар маҳсуб шуда, минбаъд номгузории фарзандон дар асоси «Феҳристи номҳои миллӣ» ба роҳ монда мешавад.
Инчунин номҳое, ки дар Феҳристи номҳои миллӣ нестанд ва номҳои тозаэҷоду хушоянде, ки дар осори гузаштагони мо ҳастанду нав ба нав дар доираи вожасозии забони тоҷикӣ эҷод мешаванд, минбаъд бо мувофиқаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба феҳристи мазкур илова гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Бино ба иттилои корманди кумита Раҳим Зулфониён, номномаҳои мазкур тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия гардида, дар пешгуфтори китоби «Феҳристи номҳои миллӣ» пасвандҳои ташаккулдиҳандаи ному насаби тоҷикӣ бо намунаи мисолҳо оварда мешаванд ва дар феҳристи мазкур гунна (ҳуруф)-и русӣ ва англисии ҳар як ном низ сабт мешавад, ки он барои беғалат навиштани номҳо дар шиносномаи хориҷии шаҳрвандон кумак мерасонад.
Р. Зулфониён зикр намуд, ки китобҳои «Фарҳанги номҳои миллӣ» баъди интишор ба шаҳрвандон пешниҳод ва дастрас гардида, онҳо аз тафсири маънои ҳар номи дар китоби мазкур мавҷудбуда иборатанд. Инчунин сомона ва почтаи электронии кумита фаъол буда, дар ин самт телефони боварии «Пурсед, ҷавоб медиҳем» мунтазам амал мекунад.
Шаҳрвандон метавонанд ба рақами телефонҳои
227- 78-29; 227-59-25; 227-64-51; 227-64-52
занг зада, аз мушкилот дар доираи ин мавзӯъ посухҳои мушаххас бигиранд.








16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад






