Дар Ростови лаби Дон духтаронеро, ки ба амали террористӣ омодагӣ медиданд, дастгир карданд
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Ростови лаби Дони Русия се ҷавондухтар ва як писар, ки ба амали террористӣ омодагӣ медиданд, дастгир шуданд. Дар ин бора сомонаи «Комсомолская правда» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, 17 январ зимни тафтиши маълумот дар бораи ҳамлаи террористии омодашуда дар шаҳр, пулис дар як хонаи хусусӣ кофтуков гузаронд. Он ҷо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адабиёти ифротгароӣ ва ду бастаи таркандаи пластикии 400 грамма дарёб намуданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, духтарони боздоштшуда шаҳрвандони Русия буда, синни онҳо 20-25- сола мебошад. Тафсилоти бештар оварда нашудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






