Дуздии телефонҳои мобилӣ
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода сокини 24-солаи ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми январи соли 2016, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи П. Тоҷиеви шаҳри Турсунзода шуда, аз он ҷо 16 телефони мобилии гуногунтамғаро ба маблағи 8810 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар дуздӣ ноболиғон, сокинони 15 ва 16-солаи шаҳри Турсунзодаро дастгир намуданд.
Инчунин муайян карда шуд, ки худи ин ноболиғон 31 декабри соли 2015, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи шахсии сокини 26-солаи шаҳри Турсунзода шуда, аз он ҷо 24 телефони мобилии гуногунтамға, 3 мушаки компютер, 3 батареяи телефонҳои мобилӣ, 20 қуввадиҳандаҳои барқӣ, 2 таҷҳизоти мусиқигӯшкуниро ба маблағи 4310 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






