Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи беназири Офаридгор ба миллати сарбаланди тоҷик

Январь 4, 2016 10:14

Душанбе, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» ҳамоиш доир шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуда, пешрафту шукуфоӣ ва созандагии кишварро маҳз аз талошҳои шабонарӯзии Пешвои беназиру арзандаи миллат Эмомалӣ Раҳмон донист. Инчунин Сайфиддин Назарзода иброз намуд, ки ба бахти мо, мардуми тоҷик, дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфаи беназири Офаридгор ба миллати сарбаланди тоҷик ҳадя шуд. Ҳамзамон ин шахсият барои мо на танҳо сулҳ, балки бахту иқбол ва сарсабзиву пирўзӣ муҳайё сохт.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси фраксияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафаров аз хизматҳои беназири Роҳбари давлат барои рушду нумўи кишвар ва муҳайё намудани шароити шоиста барои мардум ёдовар шуд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодик аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои рангин сохтани ҳаёти ҷавонон дар замони истиқлолият ёдовар шуда, Сарвари давлатро пуштибон ва раҳнамои ҷавонон ҳисобид.
Адиби ваҳдатсаро, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб шеърҳои дар васфи Ватан, Ваҳдат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҷод намудаашро қироат намуд.

Январь 4, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар