Фаъолияти назарраси «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод
Файзобод, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар») .-Филиали «Амонатбонк»-и ноҳияи Файзобод аз рӯйи хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо, пардохти сари вақтии нафақа, қабули пасандозҳо, пешниҳоди қарзҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ дар сатҳи баланд барои мизоҷон дастрас мебошад. Муштариёни асосии бонки мазкур 6700 нафар нафақахӯр ва 3703 корманди соҳаҳои буҷетӣ мебошанд, ки сари вақт аз тариқи терминалҳо маошу нафақаашонро дастрас мекунанд. Бонки мазкур дорои 6 маркази хизматрасонӣ, як қисми амалиётӣ, як дастгоҳи банкомат ва 8 дастгоҳи постерминалҳо мебошад ва дар соли 2015 нафақахӯрон ва кормандони соҳаҳои буҷетиро пурра бо кортҳои пластикӣ таъмин кардаанд.
«Амонатбонк»-и ноҳияи Файзобод барои дастгирии бахшҳои иқтисодиёти ноҳия, бахусус рушди соҳаи кишоварзӣ ва мусоидат ба соҳибкории хурду миёна ба зиёда аз 500 нафар хоҳишмандон дар соли 2015, беш аз 3 миллион сомонӣ маблағҳо пешниҳод кардааст, ки наздики 500 ҳазор сомонияшро қарзҳои имтиёзнок ташкил мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






