Гумрук: Воридоти ғайриқонунии 6814 адад телефони мобилӣ

Январь 26, 2016 08:45

Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 аз ҷониби кормандои гумрук дар натиҷаи баррасии 4902 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 4795 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 41 миллиону 163 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 4 миллиону 283 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида, ба маблағи 342 961 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.

Дар ин давра воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ 6814 адад, ангиштсанг 1737 тонна, нуриҳои минералӣ — 1540 тонна, семент — 2696 тонна, маҳсулоти қаннодӣ — 39620 кг, лампаҳои тафсон — 59516 адад, меваи тар — 97628 кг, доруворӣ — 52294 дона, матоъ — 67683 метр ва дигар молҳои ниёзи мардум ошкор  шуда, ба маблағи 1 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 5471,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат ситонида шуданд.

Зимни  гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ ва назорати гумрукӣ 3 таппонча, 3 яроқи шикорӣ, 1  норинҷакандоз, 2  норинҷак, 6 тирдон бо 175 дона тир ошкор ва мусодира  шуд.

 

Январь 26, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд