Хатлон: ба буҷет 745 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 39 миллион сомонӣ зиёд аст
Кӯлоб, 12.01.2016. ( АМИТ «Ховар»)-Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи ВАО доир ба натиҷаи дастовардҳои яксолаи иқтисодӣ ва ичтимоии вилоят зикр кард, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми хароҷотии буҷети вилоят 98 % таъмин гардида, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шуд.
Аз ҷумла, ба соҳаи мориф 644,2 миллион сомонӣ, тандурустӣ 276,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 10,7 миллион сомонӣ, коммуналӣ 38 миллион сомонӣ, варзиш 2,6 миллион сомонӣ, фарҳанг 31,9 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 12,9 миллион сомонӣ равона гардид. Зикр шуд, ки иҷрои нақшаи андозҳо дар соли 2015-ум 105,4 % таъмин гардида, ба буҷет 745 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 39 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2014-ум 97 миллион сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






