Хатлон: ташкили 91 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 2407 ҷои корӣ
Кӯлоб, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2014-ум 671,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2015 вобаста ба иҷрои нақшаи амал 91 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 2407 ҷои корӣ ташкил шудааст. Соҳаи саноат сол аз сол рушд ёфта, нисбат ба соли 2014-ум истеҳсоли асфалт 9,3 баробар, пунба 1,6 баробар, семент 1,3 %, оҳану бетони васлшуда 2 баробар ва трансформатор 1,6 % афзоиш ёфтаааст.
Дар соҳаи сохтмон нисбат ба соли 2014 азхудкунии маблағҳои асосӣ бо сармояи хориҷӣ 74,3 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ аз ҳамаи манбаъҳо 54,4 миллион сомонӣ ва корҳои пудратӣ 173 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Дар соли 2015 ба маблағи 952,1 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давом дар вилоят 330 биною иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 28 мактаб, 22 муассисаи тиббӣ, 88 мағозаи тиҷоратӣ, 4315 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 393,1 ҳазор метри муррабаъ ва дигар сохтмонҳои хурду бузург ба истифода дода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






