Хуҷанд: 483 хоҷагии калонҳаҷм мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор гирифт
Хуҷанд, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуд, ки дар он беш аз 60 намояндаи васоити ахбори омма иштирок намуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ роҳбари вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят дар давоми соли 2015 ба ҳозирин гузориш дод.
Аз ҷумла, Абдураҳмон Қодирӣ гуфт, ки соли 2015 соли амалишавии чанд барнома, алалхусус дар самти ислоҳоти кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ободонии роҳҳо ва оғози сохтмони чанд шаҳрак буд.
Бояд гуфт, ки мутобиқ ба амалишавии таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, ки он соли 2014 оғоз ёфт, соли 2015 низ ин ислоҳот идома ёфта, 483 хоҷагии калонҳаҷм мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, аз ин ҳисоб 5,5 ҳазор хоҷагии деҳқонию инфиродӣ таъсис дода шуд, ки дар маҷмӯъ, ҳоло шумораи умумии онҳо ба 62 ҳазор баробар гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






