«Хуҷандобуканал»: 15 млн. 186 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд
Хуҷанд,08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -КВДК «Хуҷандобуканал» барои таъмини самараноки оби нўшокӣ ва аз тарафи аҳолӣ, корхонаҳои худмаблағгузор, ташкилоти буҷавӣ ва коммуналӣ ҷамъоварии саривақтии маблағҳои истифодашуда, васли ҳисобкунакҳо, бартараф намудани сарфи аз меъёр зиёд тадбирҳои зарурӣ андешида, соли 2015-умро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст кард.
Бино ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» Ёқубҷон Бобоҷонов дар тўли 11 моҳи соли 2015 «Хуҷандобуканал» ба миқдори 8713,3 ҳазор метри мукааб оби нўшокӣ фурўхта, 4552,7 ҳазор метри мукааб партовобро қабул кардааст, ки ҳамагӣ ба маблағи 15188,6 ҳазор сомонӣ хизмат расонида, 15 186 ҳазор сомонӣ бо назардошти ҳисоббаробаркунӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






