Ифтитоҳи корхонаи хурди дӯзандагӣ дар ноҳияи Сино
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Сино боз як корхонаи хурди дӯзандагӣ дари худро барои бонувони ин ноҳия боз намуд. Дар кушодашавии ин корхона муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, муовини раиси Ҳизби Ҳалқи Демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Корхона аз ҳуҷраҳои кории барҳаво ва бо тамоми ҷиҳози корӣ муҷаҳҳаз иборат буда, дар ин ҷо занону духтарон имкон доранд нозукиҳои касби дӯзандагиро аз худ намоянд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, мутасаддиёни ин корхона иброз доштанд, ки дар оянда ният доранд бо дастгирии шарикони корӣ барои аз 30 то 60 нафар ҷойи кор ташкил намоянд.
Аз ҷониби Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тарзи ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ хуш пазируфта шуда, иброз доштанд, ки ҳамкориро бо ин корхона дар доираи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ба ҳам наздик ба роҳ монда, бонувони ин корхонаро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳанд намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






