Истиқболи мардуми Суғд аз Паёми Пешвои миллат

Январь 20, 2016 17:12

Хуҷанд, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») — Субҳи имрӯз дар толори тамоми корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳои вилояти Суғд новобаста аз шакли моликияташон пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин тамошои Паёми Роҳбари давлат дар маҷлисгоҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ бо иштироки кормандони масъули ҳукуматҳо ҷараён дошт.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, сокинони вилоят Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ хуш истиқбол гирифтанд.
Ба андешаи иштирокдорон тасмимҳои Сарвари давлат ки дар Паёми имсола ирсол гардиданд, воқеан хам ба боло бурдани сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзуннамоии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, он барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Январь 20, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд