«Истиқлол» ва «Хуҷанд» бозии санҷишӣ гузаронданд
Душанбе, 13.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бозии аввали санҷишӣ миёни қаҳрамонони кишвар «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки дар майдони варзишгоҳи маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Қайроқум баргузор гардид, бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.
«Истиқлол» ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ба бозии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё КФО-2016 мунтазам омодагӣ дида истодаанд. «Истиқлол» дар ин мусобиқа бозиҳояшро 23-юми феврал дар марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунад. Дастаи «Хуҷанд» барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ 9-уми феврал дар сафар бо дастаи фаластинии «Аҳли Ал-Халил» сабқат мекунад.
Рӯзи ҷумъа, 15-уми январ «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бори дигар дар бозии санҷишӣ бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Ин бозӣ низ дар варзишгоҳи маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Қайроқум баргузор мегардад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






