Изҳороти расмии Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ
Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон овозаҳои мухталифро дар хусуси он, ки гӯё як гурӯҳ кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар ВМКБ аз ҷойи хизмат фирор карда бошанд, қатъиян рад менамояд.
Кӯшиши мазкур аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда шуда, барои гумроҳсозии ҷомеа ва ташаннуҷи сулҳу субот дар мамлакат равона гардидааст.
Ҳоло тамоми ниҳодҳои зертобеи КДАМ ҶТ дар ҳолати муқаррарӣ ва бо назардошти риояи қатъии уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти касбии хешро идома додаистодаанд. Бинобар ин, аз кулли шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва беасос бовар накунанд.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






