Кормандони АНМН қариб 150 кг маводи нашъаовар мусодира карданд

Январь 29, 2016 17:38

Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ як гурӯҳи навбатии муташаккили нашъаҷаллобонро безарар гардониданд ва ҳаҷми калони маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ амалиёти васеъмиқёси зиддимухаддиротӣ, ки моҳи ноябри соли 2015 оғоз шуда буд, бомуваффақият анҷом ёфт. Амалиёт дар якчанд марҳила бо усули “харидории санҷишӣ” анҷом ёфт. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гурӯҳи устувори муташаккили ҷиноӣ безарар гардонида шуд, ки аз онҳо қариб 150 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.
Аз тарафи аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша шабакаи устувори интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия ба роҳ монда шуда буд.
Санҷиши пешакӣ муайян намуд, ки ба ҳайати гурӯҳ нашъаҷаллобоне шомил буданд, ки ду нафари онҳо қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ суд шуда буданд. Қобили зикр аст, ки яке аз аъзои фаъоли гурӯҳ як сол қабл ба озодӣ баромада, ба зудӣ ба гурӯҳи ҷиноятпеша шомил гардид.
Мувофиқи хулосаи озмоишгоҳи ташхиси судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда 3 килограмм героин ва зиёда аз 146 кг ҳашиш мебошад.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон) оғоз шудааст.
Ҳоло чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша гузаронида шуда истодаанд.

Январь 29, 2016 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд