Кумаки навбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони Бадахшон

Январь 7, 2016 16:35

Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз кумаки хайриявии навбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази “King Salman Humanitarian Aid & Relief Centre”-и Арабистони Саудӣ ба ниёзмандони аз офати табиии рӯзи 7 декабр зарардидаи Бадахшон ба охир расид. Дар ин бора аз ҶҲАТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи Нодир Аминзода-котиби матбуотии ҶҲАТ, кумаки мазкур аз 4 Камаз иборат буда, 650 дона кӯрпаи гарм, 200 печкаи махсус барои гармидиҳӣ, 400 дона қубури дудбаро барои печкаҳо, 222 бастаи хӯрокворӣ, 444 халта орд (22 200 кг) ва 1 110 литр равғани растанӣ (222 қуттӣ, ҳар кадом бо андозаи 5 л.)-ро дар бар мегирад: «Тибқи гуфтушунид байни ҶҲАТ ва Маркази “King Salman Humanitarian Aid & Relief Centre”-и Арабистони Саудӣ бурда расонидани кумакҳои боқимонда ба мардуми зарардидаи вилояти Бадахшон дар рўзҳои наздик аз ҷониби ҶҲАТ идома дода мешавад. Рӯйхати ниёзмандон аз ҷониби ҳукуматҳои маҳал пешниҳод гардида, тақсимоти ёрӣ аз ҷониби ҶҲАТ дар ҳамдастӣ бо ҳокимиятҳои маҳал ба анҷом расонида мешавад»,-иброз дошт Нодир Аминзода. Номбурда гуфт, маркази мазкур дар доираи созишномаи баимзорасида бо ҶҲАТ тасмим гирифтааст, ки ҳамкории башардўстонаро дар муддати тӯлонӣ ба роҳ монад.
Бояд гуфт ки кумаки нахустини хайриявии ҶҲАТ бо дастгирии Маркази “King Salman Humanitarian Aid & Relief Centre”-и Арабистони Саудӣ ба ниёзмандони аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон, рӯзи 28 декабри соли 2015 интиқол дода шуд, ки аз 7 Камаз бор иборат буда, 2 Камаз бастаи хӯрокворӣ, 3 Камаз бастаи рахти хоб,1 Камаз ангишт ва 1 Камаз печкаҳои махсус барои ангиштро дар бар мегирифт. Дар баробари кумак ба зарардидагони Бадахшон, ҳамчунин Маркази “King Salman Humanitarian Aid & Relief Centre”-и Арабистони Саудӣ рӯзи 30 декабри соли 2015 барои 60 оилаи аз сел дар фасли тобистон зарардидаи деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт, маводи хӯрокӣ ва ғайрихӯрокӣ интиқол дод. Инчунин 31 декабри соли 2015 кумаки хайриявии навбатӣ ба ВМКБ ба расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади расонидани кумак ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо ҶҲАТ намояндагони маркази хайриявии “King Salman humanitarian aid & relief centre”-и Арабистони Саудӣ 24 декабри соли 2015 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ кумаки хайриявии ҶҲАТ бо дастгирии Маркази “King Salman Humanitarian Aid & Relief Centre”-и Арабистони Саудӣ ба зиёда аз 1 500 оилаи ниёзманди Тоҷикистон, ки 7 500 нафарро ташкил медиҳанд, нигаронида шудааст.

Январь 7, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!