Кумакрасонӣ ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Спитамен
Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони ВКД дар арафаи иду ҷашнҳо дар баробари иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, кӯшиш мекунанд бо расонидани кумаку дастгириҳо руҳияи идонаи табақаи ниёзмандро баланд бардоранд.
Ҳафтаи равон кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо дастовезҳои идона ба Мактаб-интернати ноҳиявӣ рафтанд. Армуғони идона аз либосҳои зимистона ва шириниҳо иборат буд, ки онро сардори ШВКД дар ноҳияи Спитамен подполковники милитсия Шамсиддин Зуҳурзода ба 32 тарбиятгирандаи Мактаб-интернат тақдим намуд.
Ҳамчунин бо мақсади ёдоварӣ аз ҳамсафоне, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фавтидаанд ва поси хотири онҳо кормандони милитсияи ноҳияи Спитамен бо кумакҳои моддӣ, иборат аз орду равған, биринҷу макарон, сабзавоту полезӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ба хонаҳои собиқ ҳамкасбони худ рафта, оилаҳои бесаробонмондаи онҳоро аёдат намуданд. Аз чунин кумакҳои якдафъаина 6 оила бархурдор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






