Кумитаи замин: Ҳолати бештари вайронкунии қонуни замин дар вилояти Хатлон ошкор шудааст
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2015 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо 10 ҳазору 978 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст,- гуфта шуд имрӯз, 18 январ зимни нишасти хабарии кумитаи мазкур. Дилшод Назуров-сардори Раёсати назорати давлатии замини Кумитаи мазкур вобаста ба шумораи ошкоркунии вайронкунии қонуни замин иттилоъ дод, ки аз 10 ҳазору 978 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар соли 2015, шумораи аз ҳама зиёд ба вилояти Хатлон рост омад, ки он 5023 ҳолатро ташкил дода, шумораи аз ҳама ками вайронкунии қонуни замин ба шаҳри Роғун рост омадааст, ки он 29 ҳолатро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ дар соли 2015 инчунин 3029 ҳолати вайронкунии қонуни замин дар вилояти Суғд, 200 ҳолат дар вилояти Бадахшон, 881 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 236 ҳолат дар Рӯдакӣ, 231 ҳолат дар Ҳисор, 207 ҳолат дар Турсунзода, 205 ҳолат дар Ваҳдат, 190 ҳолат дар Варзоб, 152 ҳолат дар Шаҳринав, 110 ҳолат дар Нуробод, 83 ҳолат дар Файзобод 70 ҳолат дар Тоҷикобод, 70 ҳолат дар Рашт, 30 ҳолат дар Тавилдара ва 45 ҳолат дар Ҷиргатол ошкор гардидааст. Дилшод Назуров иброз дошт, ки ҳолатҳои вайронкунии қонуни замин асосан дар асоси 20 моддаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Кодекси мурофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааанд, ки инҳо худсарона ҷудо кардани қитъаи замин, риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин, истифодаи ғайримақсадноки замин, риоя накардани талаботи низоми истифодаи замин, напардохтани маблағи андози замин, истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он, худсарона иваз кардани қитъаи замин, худсарона аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани замин ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодаи замин мебошанд.
Дар соли 2015 нисбат ба 9 ҳазору 536 ҳолат дастур, 7 ҳазору 894 ҳолат санад ва қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, ба маблағи 2 млн 628 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 2 млн 116 ҳазору 700 сомонӣ ё 80,5 % маблағи ҷарима ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замин ворид шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






