М. Маҳмудзода бо медали ҷашнии «20-солагии Консти¬тутсияи Қазоқистон» сарфароз гардонида шуд
Душанбе,12.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода бо медали ҷашнии «20-солагии Консти¬тутсияи Қазоқистон» дар асоси пешниҳоди Шўрои консти¬тутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Назарбоев Нурсултон Абишевич ба муно¬сибати 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон барои саҳми арзанда гузоштан дар ташаккули конститутсионализм дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардонида шуд.
12 январи соли 2016 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Смагулов Агибай Динкенович ба раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маҳкам Маҳмудзода медали ҷашнии «20-солагии Консти¬тутсияи Қазоқистон» супорида шуд.
Зимни маросими супоридани медали ҷашнӣ сафир аз таърихи қабули Конститутсияи Қазоқистон ва иштироку суханронии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маҳкам Маҳмудзода дар Конфронси байналмилалӣ ба муносибати 20-умин солгарди Шўрои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон ёдовар шуда, ба саҳми раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон дар ташаккули муносибатҳои мутақобилан судманди мақомоти назорати конститут¬сионии давлатҳои демократии ба ҳам дўст баҳои баланд дод.
Маҳкам Маҳмудзода ба сафир барои ташриф овардан ба Суди конститут¬сионии кишвар ва супоридани медали ҷашнӣ изҳори минатдорӣ карда, зикр намуд, ки минбаъд низ Суди конститут-сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои байналми¬лалӣ бо Шўрои Конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон кўшиш ба харҷ медиҳад.
Маҳкам Маҳмудзода ҳамзамон иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Прези¬денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар дар ҳоли густариш қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






