Маҷлиси васеи Шӯрои олимон дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ
Душанбе, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи Шӯрои олимон бо иштироки кормандон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи ректори Донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдухолиқ оид ба натиҷаи фаъолияти донишкадаи мазкур дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 шунида шуд.
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз фаъолияти солонаи факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, кадрҳо ва корҳои махсус, банақшагирӣ ва муҳосибот, хоҷагӣ, кафедраҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, идоракунии иқтисодиёт ва молия, технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, забонҳо, бахшҳои ташкили раванди таълим, мониторинг ва назорати сифати таълим, бақайдгирӣ ва таҷрибаомӯзӣ, тестӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва татбиқи грантҳо, бахшҳои магистратура, табъу нашр, маркази тиббӣ ва китобхона маълумоти мушаххаси таҳлилӣ дод.
Дар ҳисобот инчунин оид ба иҷрои самтҳои вазифаҳо ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ҷалби мутахассисону олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ба ин курсҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва мизҳои мудаввар дар донишкада иттилоъ дода шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






