Мақомоти Вазорати молия барои иҷрои вазифаҳои Ҳукумати ҶТ бояд талош варзанд
Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои рушди саамаранок ва идораи молияи давлатӣ дар соли 2016 баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, нақшаи кор дар бораи тасдиқи ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласаи мушовара ҳисоботи роҳбарони идораҳои молиявии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2016 шунида шуд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ба кормандони масъули вазорат барои иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ дар соли 2016 вазифаҳои мушаххас дода, зикр кард, ки ҳамаи роҳбарони мақомоти молиявӣ ва ташкилоти тобеи вазорат барои иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони кишвар бармеоянд, бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






