Маҳсулоти туркӣ дубора вориди бозори Русия мешавад

Январь 15, 2016 08:19

Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар») – Вазорати рушди иқтисодии Русия лоиҳаи қонунро омода кардааст, ки тибқи он ширкатҳои туркӣ метавонанд дигарбора ба бозори тиҷоратии Русия ворид шаванд. Тавре ки маълум аст, ҳукуматдорони Федератсияи Русия соли гузашта нисбат ба молҳои истеҳсоли Туркия таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ карда буданд ва аз соли нав воридоти молҳои туркӣ ба Федератсияи Русия манъ шудааст.  Дар лоиҳаи қонуни пешбинишуда омадааст, ки агар ҷониби Русия ба ивази ширкатҳои туркӣ ширкатҳои дигарро пайдо карда натавонад ва ё иваз кардани ширкатҳо бо қимати гарон ҳосил шаваду ба имконияти харидории мизоҷон таъсири манфӣ расонад, он гоҳ бояд ба ҳукумат расман муроҷиатнома ирсол шавад, то ин ки шартномаҳо бо ширкатҳои туркӣ дубора баста шаванд. Дар назар дошта шудааст, ки шартномаҳо ба амнияту бехатарии Русия тааллуқдошта, ҳамчунин аз руйхати таҳримҳо бароварда шаванд. Дар ҳама ҳолатҳо ҷузъиёти бастани шартнома бо ширкатҳои туркиро комиссияи давлатии назди вазорати рушди иқтисодӣ ба баррасӣ мегирад. Мувофиқи иттилои расонаҳои русӣ баъд аз ҷорӣ шудани таҳрими иқтисодӣ анвои мева ва сабзавот ба фурӯшгоҳҳои Русия аз минтақаҳои ҷанубӣ, аз кишварҳои Марокко, Миср, Исроил, Эрон, Белорус, Сербия ва Озарбойҷон ворид мешаванд. Аммо аз худ кардани бозори холишудаи Русия ба кадом кишвар муяссар мегардад, вақт нишон хоҳад дод.

 

Январь 15, 2016 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад