Маҳсулоти туркӣ дубора вориди бозори Русия мешавад
Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар») – Вазорати рушди иқтисодии Русия лоиҳаи қонунро омода кардааст, ки тибқи он ширкатҳои туркӣ метавонанд дигарбора ба бозори тиҷоратии Русия ворид шаванд. Тавре ки маълум аст, ҳукуматдорони Федератсияи Русия соли гузашта нисбат ба молҳои истеҳсоли Туркия таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ карда буданд ва аз соли нав воридоти молҳои туркӣ ба Федератсияи Русия манъ шудааст. Дар лоиҳаи қонуни пешбинишуда омадааст, ки агар ҷониби Русия ба ивази ширкатҳои туркӣ ширкатҳои дигарро пайдо карда натавонад ва ё иваз кардани ширкатҳо бо қимати гарон ҳосил шаваду ба имконияти харидории мизоҷон таъсири манфӣ расонад, он гоҳ бояд ба ҳукумат расман муроҷиатнома ирсол шавад, то ин ки шартномаҳо бо ширкатҳои туркӣ дубора баста шаванд. Дар назар дошта шудааст, ки шартномаҳо ба амнияту бехатарии Русия тааллуқдошта, ҳамчунин аз руйхати таҳримҳо бароварда шаванд. Дар ҳама ҳолатҳо ҷузъиёти бастани шартнома бо ширкатҳои туркиро комиссияи давлатии назди вазорати рушди иқтисодӣ ба баррасӣ мегирад. Мувофиқи иттилои расонаҳои русӣ баъд аз ҷорӣ шудани таҳрими иқтисодӣ анвои мева ва сабзавот ба фурӯшгоҳҳои Русия аз минтақаҳои ҷанубӣ, аз кишварҳои Марокко, Миср, Исроил, Эрон, Белорус, Сербия ва Озарбойҷон ворид мешаванд. Аммо аз худ кардани бозори холишудаи Русия ба кадом кишвар муяссар мегардад, вақт нишон хоҳад дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






