Мусодираи маводи нашъадори афюн ва бангдона
Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ “Ховар”). – 8 январ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 36-солаи шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови хонаи истиқоматии гумонбаршуда 814 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз зимни чорабиниҳои дигари фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз сокини 36-солаи ноҳияи Ҷ.Румӣ дар вақти кофтукови борхалтааш 1 килою 100 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






