Н. Ҷаъфаров: Сабаби фавти се сокини Кӯлоб заҳролудшавӣ буд

Январь 14, 2016 10:56

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Қазияи фавти се нафар аъзои як оила аз заҳролудшавӣ аз тариқи истеъмоли маводи консервагӣ дар шаҳри Кӯлоб имрӯз дар тамоми расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ бо ҳар гуна шакл паҳн гаштааст. Бархе аз расонаҳои хабарӣ сабаби фавтидани се шаҳрванди Кӯлобро аз беаҳамиятии табибон донистаанду табибон  онро заҳролудшавӣ номиданд. Вобаста ба ин қазия бо сардухтури давлатии санитарии ҶТ, муовини вазири тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ   Навруз Ҷаъфаров ҳамсуҳбат гардидем.

“Ховар”: Мегуфтед, ки сабаби асосии фавти ин се сокини шаҳри Кӯлоб чӣ буд?

Н. Ҷаъфаров: Чанд муддат аст, ки дар расонаҳои хабарӣ, махсусан  дар расонаҳои ғайридавлатӣ нисбат ба қазияи  дар шаҳри Кӯлоб рухдода овозаҳо зиёд шудаанд.  Дар ҳақиқат ин масъала ташвишовар аст. Ҳоло фасли зимистон аст ва мардум аз  маводи консервагӣ зиёд истифода мебаранд. Мо намедонем, ки то кадом андоза дар маводи дар шароити хона ҳамчун консерва  тайёршуда, ҳангоми коркард қоидаҳои тозагӣ ва беҳдоштӣ риоя мешаванд.  Бинобар ин, шаби 4 январи соли 2016 ҳангоми истеъмоли  маводи хӯрокӣ ва маҳсулоти консервагӣ дар оилаи Одинаевҳо, кӯчаи Борбад 10, утоқи 37 се нафар бо аломатҳои заҳролудшавии шадиди бадан  ба барангезандаи бемории ботулизм гирифтор шудаанд. Ҳодисаи  бо марг анҷомида дар давоми ду шабонарӯз баъди истеъмол ба вуқӯъ пайваста буд. Аз сабаби шабона сар задан ин  ҳодиса  барои ташхис ба табибон мушкилӣ пеш овард ва дар давоми 24 соат се  ҳодисаи фавт ба амал омад.

Ҳангоми ташхиси бадан баъд аз ташреҳ барои экспертизаи судию тиббӣ, инчунин  дигар намунаҳои хӯроки дар хона ёфташуда барои ташхис гирифта шуда, ба озмоишгоҳи шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ду маротиба мутахассисони соҳаи тандурустӣ, мутахассисони ғайривоҳидии вазорат ва намояндагони хадамоти дахлдор  6 ва 9 январ ба ҷои ҳодиса ба шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд. Ҳангоми ба даст омадани натиҷаҳои санҷиш хулосабарорӣ шуд, ки сабаби марги нафарони фавтида- ин бемории ботулизм буда, барангезандаҳои он дар маҳсулоти консервагии дар хона тайёршуда дарёфт гардиданд. Дарҳол се узви дигари оиларо, ки бо фавтидагон дар алоқа буданд, табибони сироятшиноси беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб таҳти назорат гирифтанд ва ба онҳо маводи зиддиботулиникӣ, яъне зардобаи намудҳои  А,Б, Е гузаронида шуд. Дар вақти сафари хизматии гурӯҳи кории вазорат ҳолати саломатии онҳо қаноатбахш буд.

“Ховар”: Мегуфтед, ки Вазорати тандурустӣ зардобаи зиддиботулиникиро аз куҷо дастрас мекунад ва оё он ба беморон ройгон дода мешавад?

 

Н. Ҷаъфаров: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси ташхисҳое, ки ҳар сол гузаронида мешаванд, як миқдори муайяни зардобаи зидди ботулиникии намудҳои А,Б,Е- ро аз ҳисоби маблағҳои хазинаи эпидемикӣ доимо захира мекунад. Ҳамин тариқ, дар вилоятҳо низ ба раёсатҳои тандурустӣ супориш дода шудааст, ки бо назардошти ҳолатҳои сироятшавӣ ин зардобаро захира кунанд. Дар Тоҷикистон имкони истеҳсоли ин зардоба нест,  зеро он дар корхонаҳои махсусгардонидашуда истеҳсол карда мешавад. Мо бештар онро аз Федератсияи Русия дастрас мекунем.  Он ба беморон ройгон дода мешавад, зеро бемории заҳролудшавӣ ҳолати фавқулодда ҳисоб шуда, мо дар чунин ҳолатҳо хизматрасониҳои ройгонро ба роҳ мондаем.

Аз сабабе, ки бемории заҳролудшавӣ хеле кам ба қайд гирифта мешавад ва мардум зардобаи ботулиникиро  кам харидорӣ мекунанд, дорухонаҳо ин зардобаро ба фурӯш намебароранд. Сабаби дигар он аст, ки ин маводи эмунобиологӣ буда, бояд таҳти назорати духтурон қарор гирад. Эмгузаронии  ин зардоба танҳо дар шароити беморхона гузаронида мешавад. Муҳлати нигоҳдории зардоба аз истеҳсолкунанда вобастагӣ дорад. Ҳастанд зардобаҳое, ки танҳо 6 моҳ, баъзеяш  то 1 сол ва дигараш то 3  сол нигоҳ дошта мешаванд.

 

“Ховар”: Соли гузашта аз ҷониби табибон чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буд?

Н. Ҷаъфаров: Ин якумин қазия байни аҳолӣ нест. Дар соли 2015 — 8 ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта шуд ва дар ҳар як ҳодиса аз 1 то 5 нафар бо зардоба таъмин гаштанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодиса бо чор нафар заҳролудшуда ва дар шаҳри Турсунзода як ҳодиса бо ду нафар заҳролудшуда ба қайд гирифта шуда буд. Хушбахтона, аз сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат кардан ҳамаи онҳо табобат гирифтанд ва ин ҳодисаҳо оқибати нохуш надоштанд.

“Ховар”:  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар байни мардум чӣ гуна  корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад?

Н. Ҷаъфаров: Ҳоло мутахассисон нисбат ба эҳтиёт шудан аз чунин ҳодисаҳо дарҳол дар расонаҳои хабарии вилояти Хатлон маълумот пахш карданд. Дар баробари ин Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим низ маълумоти заруриро дар байни аҳолӣ дар мавриди эҳтиёт ҳангоми истифодаи маводи консервагӣ паҳн намуда ва барои пешгирии чунин заҳролудшавиҳо корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронид. Чуноне ки ҳамагон медонанд, дар Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаи “Мадади Сино”-ро намоиш медиҳад. Ин барнома аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим омода мешавад ва вобаста ба вазъи баамаломада, ҳолати тозагию беҳдоштӣ, вазъи бемориҳои эпидемиологӣ  ва сироятӣ пеш аз хуруҷ ва паҳншавии бемориҳои оммавӣ, оғози истифодаи маводи ғизоии консервашуда  барномаҳо пахш мекунад. Ногуфта намонад, ки пеш аз ба амал омадани ин ҳодиса, яъне дар арафаи  соли нав чунин барномаҳоро мо пахш намуда будем. Дар он чӣ гуна тайёр кардани  хӯрок ва истифодаи дурусти маҳсулот дар хӯришҳо пешкаши аҳолӣ шуда буд.  Аммо мутаассифона, ҳолатҳое мешаванд, ки аз ҷониби аҳолӣ ин маслиҳатҳои мутахассисон нодида гирифта мешавад.  Ва  дар натиҷа чунин ҳодисаҳои  нохуш рух медиҳанд. Бемории ботулизм аслан дар фасли зимистон то баҳор ба қайд гирифта мешавад, чунки дар ин давра маҳсулоти тару тоза дар бозор кам аст ва мардум аз маҳсулоти консервашуда истифода мебаранд.  Мо  доимо ҳушдор медиҳем, ки ҳангоми харид ва тайёр кардани маҳсулоти консервагӣ ба беаҳамиятӣ роҳ надиҳанд.

“Ховар”: Дар оянда вазорат барои пешгирии чунин ҳодисаҳо чӣ нақшаҳо дорад?

Н. Ҷаъфаров: Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъол аст ва вобаста ба ин мавзӯъ маводи чопӣ, тасвирӣ ва роликҳои иҷтимоӣ ба навор гирифта шудаанд. Роликҳои мо на танҳо дар мавриди заҳролудшавӣ, балки вобаста ба тамоми бемориҳои сироятӣ ва  пешгирии онҳо мебошанд. Ин барномаҳо ба телевизионҳои давлатӣ пешниҳод шудааст. Мо  бевосита бо шабакаҳои телевизионӣ дар ҳамкорӣ ҳастем ва доим кӯшиш мекунем, то мутахассисонамон дар барномаҳои телевизионии вобаста ба соҳаи тандурустӣ иштирок кунанд. Вале  ин ҷо гап сари масъалаи дигар аст, яъне ин мавод то чӣ андоза ба аҳолӣ дастрас мегарданд, яъне аҳолӣ хоҳиш ва фурсати тамошои ин барномаҳо ё мутолиаи маводро дар рӯзномаҳо дорад? Дигар  он ки худи расонаҳои хабарӣ то кадом андоза метавонанд ба мо кумак расонанд. Дар мисоли ҳамин қазия бояд пешниҳоди хабари заҳролудшавӣ не, балки  роҳҳои пешгирии он шарҳ дода мешуданд. Мутаассифона, баъзе расонаҳои хабарии ғайридавлатӣ кӯшиш мекунанд ба таври худнамоишдиҳӣ ё муаррифии худ, зери сарлавҳаҳои чашмрас хабарро пешниҳод кунанд.  Аммо  ҳангоми мутолиа, мутаассифона, маълум мешавад, ки мавод мукаммал набуда, ба таври зарурӣ пешкаши мардум нашудааст. Бояд онҳо манфиати аҳолиро, ки дар ин гуна мавридҳо чӣ тавр чунин ҳодисаҳо пешгирӣ шаванд, низ бояд ба инобат гиранд. Дар бисёр мавридҳо баръакси ин кор мешавад.

“Ховар”: Бештари расонаҳои ғайридавлатӣ дар хабарҳояшон фавти ин се нафарро аз беаҳамиятии кормандони соҳаи тиб донистаанд. Ин иттилоъ оё ягон асос дорад ва агар чунин бошад, вазорат нисбат ба он табибон чӣ тадбирҳо меандешад?

Н. Ҷаъфаров: Дар минтақаи Кӯлоби вилояти  Хатлон мо намояндагии Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дорем ва аллакай онҳо супориш гирифтаанд, ки ҳар як қадаме, ки табибон дар он рӯз дар вақти ин қазия карда буданд, аз  муроҷиати шаҳрванд, пешниҳоди  намуди табобат то фавтидани ин нафарон ва  тадбирҳои андешидаи табибон, аз ҷониби  намояндагии хадамот пурра зери таҳқиқ гирифта шудаанд. Мо  ҳатман муайян мекунем, ки он шаб чӣ гуна муроҷиат шуда буд, кай, аз ҷониби кӣ, беморон ба чӣ ниёз доштанд, кадом намуди табобат ба онҳо расонида шуд ва ҳамаи ҳуҷҷатгузории дар он ҳолат сабтшуда аллакай ҷамъоварӣ шуда, зери таҳқиқи мутахассисон қарор дорад. Умед аст, ки баъд аз  ба даст омадани натиҷаи пурраи тадқиқот, мо нафарони  гунаҳкорро муайян менамоем. Вале бояд гуфт, ки тибқи ҳуҷҷатҳои пешакии дастрасшуда ба  шаҳрвандон баъди муроҷиат  барои бистарӣ шудан дар беморхона пешниҳод  шуда буд, вале онҳо бо ҳар баҳона нахостанд дар беморхона бистарӣ шаванд. Мутаассифона, онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале  хешу таборашон онҳо метавонанд маълумоти заруриро ба мо пешниҳод намоянд, то маълум гардад, ки  чаро онҳо дар беморхона бистарӣ шудан нахостанд.

“Ховар”: Ташаккур.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 4 январ сомонаи ВКД хабари заҳролудшавии се нафар аъзои як оиларо дар шаҳри  Кӯлоб нашр намуд. Заҳролудшавиро мақомоти қудратӣ истеъмоли хӯрок ва хӯришҳои аз помидору бодиринг консервашуда номиданд.

Дар натиҷа, рӯзи 5 январ  шаҳрванд Одинаева Г. бинобар сабаби заҳролуд шудан, дар хонаашон ба ҳалокат расида, 6-уми январ  шаҳрванд Бадараева Ш. дар ҳолати вазнин, фарзандаш,  Одинаев Р., Одинаев А., Одинаева Т. ва ноболиғ, Кабирова Г. дар беморхона бистарӣ шудаанд. Худи ҳамон рӯз Бадараева Ш. дар беморхона ба ҳалокат расида, ноболиғ, Кабирова Г. баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз беморхона ҷавоб шуда, дар хонаашон фавтидааст

 

Январь 14, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин